Ҷавобгарии ҷиноӣ барои соҳибкорони ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ
Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти муовини вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода, соли гузашта бинобар сабаби фаъолияти ғайриқонунии ширкатҳо ба буҷаи кишвар 270 миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст.

ДУШАНБЕ,  30 мар — Sputnik. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ қабул кард. Бар пояи он барои  фаъолияти соҳибкории тақаллубӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Бонки милии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: бонк саррофҳоро ҷарима намекунад

"Ширкатҳо ва фирмаҳои якрӯза дар масъалаи андозсупорӣ мушкилоти зиёдро ба бор меоранд", —изҳор дошт муовини вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманон Холиқзода аснои суханронӣ дар ҳузури вакилони МН ҶТ.

Ӯ илова кард, ки танҳо соли гузашта аз фаъолияти чунин ширкатҳо ба буҷаи кишвар зиёда аз 270 миллион сомонӣ зарар дид.

Ҳамин тавр, ҷазои пешбинишуда ба соҳибкорони қалбакӣ пардохти ҷарима бо маблағи аз 14400 то 21880  муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0