БМТ: бонк саррофҳоро ҷарима намекунад

© SputnikБонки милии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки милии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд рӯз қабл корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе худкушӣ намудааст, ки ин амали ӯро хабарнигорон 120 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданаш, рабт медонанд.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон кормандони саррофиҳоро ҷарима намекунад, навиштааст Хадамоти матбуотии БМТ.

Ин изҳороти БМТ баъд аз нашри хабари расонаҳо дар бораи худкушии Алихон Азимов, корманди яке аз саррофиҳо дар бозори "Фаровон" пахш мешавад. Яке аз сабабҳои марги Азимовро хабарнигорон дар ҷарима шудани ӯ рабт додаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва даъвати БМТ аз аҳолии кишвар

"Барои вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон кормандони саррофиҳоро ҷарима намекунад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти саррофиҳо БМТ моликони ҳуқуқии онҳо, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима мекунад",- омадааст дар изҳорот.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз марги бармаҳали Алихон Азимов мутаассиф буда, ба наздикону азизони марҳум изҳори тассалият намудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар робита ба ин ҳодиса мақомоти тафтишотии дахлдор баъд аз санҷиши сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин сарроф хулосаи ҳуқуқии худро пешниҳод менамояд.

Лентаи хабарҳо
0