Номаи "маҳсулотӣ"-и Тоҷикистон ба Русия

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкРастаи меваю сабзавот. Акс аз бойгонӣ
Растаи меваю сабзавот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пешниҳоди ҳамкориро аз ҷониби Палатаи савдо 53 ширкати русӣ қабул кард. Лоиҳаҳои нав ба истеҳсолкунандагони тоҷик имконият медиҳанд, ки ҳаҷми содиротро то панҷ маротиба зиёд намоянд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ба вилоятҳои Русия феҳрасти меваю сабзавот ва ташкилотҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишварро ирсол кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии хадамот.

Ҳадафи аслии ин нома, барқарор намудани муносибатҳои мустақим миёни соҳибкорону субъектҳо ва бастани шартнома оиди таъмини Русия бо сабзавот, меваҷот, маҳсулоти консервӣ, асал, афшураҳо, зироати полезӣ ва меваи хушк мебошад.

Раҳмон: содироти меваю сабзавот ба Русия бояд 3 баробар зиёд шавад

Як чунин мактубҳо ба губернаторони вилоятҳои Сревдловск, Новосибирск, Красноярск, Пенза, раисони шаҳрҳои Уфа, Қазон ва ҳамчунин ба сарони вилоёти  Санкт-Петербурга ва Перм низ фиристода шуданд.

Ба мактуби Шариф Саид роҳбарони 53 корхонаю ташкилотҳои савдои яклухт аз манотиқи мухталифи Русия посухи мусбат додаанд.

Мақомот умед дорад, ки бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба рушди  тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар таъсири мусбат дошта ҳаҷми содироти ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардорад.

"Ҳамчунин дар бахшҳои истеҳсоли сабзавот, сабзавотҳои барвақтӣ, лимӯ, анор парвариши меваҳо ва тайёр кардани афшураҳо, помидор, нӯшокиҳо, шарбат, мураббо, асал ва ғайраҳо низ чанд лоиҳаи ҳамкорӣ роҳандозӣ карда мешавад", —омадааст дар нома.

Дар робита бо афзоиши содирот ба Русия соҳибкорони Тоҷикистон метавонанд парвариш ва истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, ҳаҷми содиротро то панҷ маротиба боло бардоранд.

 

Лентаи хабарҳо
0