Крестинин: тими миллии футболи Тоҷикистон мағлубнашаванда аст

© Официальный сайт ФФТЛаҳзае аз тамрини тими миллии Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Урдун
Лаҳзае аз тамрини тими миллии Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Урдун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи Қирғизистон дар майдони футбол бо рақибони ҳирфаӣ ва бозигарони касбӣ вомехӯрад, иброз медорад сармураббии тими футболи ҶҚ Александр Крестинин.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар остонаи бозии футбол байни Қирғизистону Тоҷикистон намояндагони ин ду даста нишасти матбуотӣ доир намуданд. Сармураббии тими Қирғизистон бовар дорад, ки ба тамошои бозӣ мухлисони зиёд ҷамъ хоҳанд омад.

"Бозии хубро интизорем, ҳар ду даста ҳам ба якдигар сазоворанд. Ин бозӣ — дерби ҳаст. Бозии тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон доим шавқовар мегузашт",-изҳор дошт Крестинин.

Тамрини тими миллии Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо дастаи Урдун - Sputnik Тоҷикистон
Дар интизории бозии "бузург"-и футбол: Тоҷикистон- Қирғизистон

Бо ишора ба рақибони феълӣ Александр Крестинин нахуст ба ҳамкори худ Мубин Эргашев шифои комил таманно кард. Мураббии дастаи Тоҷикистон чанд рӯз пеш бо сабаби бемории қалб дар Маркази  тиббӣ бистарӣ шуд.

"Дастаи Тоҷикистон-бисёр тими ҷиддӣ аст. Ин тим рақиби пурқувват ва мағлубнашаванда аст. Дар ҳақиқат ҳам ҳамаи бозингаронашон ҳирфаӣ мебошанд. Мо медонем, ки бо рақибони арзанда вомехӯрем", —қайд кард ӯ.

Ба гуфти дарвозабони дастаи Қирғизистон Валерия Кашуби, тими Тоҷикистон ин дастаи муборизон ва ҳарифони боқувват аст.

Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар доираи бозиҳои интиҳоии даври дуюми интихобии Қаҳрамонии футбол- 2018 баргузор мегардад. Қисми финалии чемпионат моҳи июли соли 2018 дар Русия доир хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0