https://sputnik.tj/20160328/1019024875.html
Гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Афғонистон барои раҳоии ду сокини ҶТ
Гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Афғонистон барои раҳоии ду сокини ҶТ
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини баландпояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои раҳоии ду сокини кишвар, ки рӯзи 25 март аз сӯи гурӯҳи ҷиноии Афғонистон, дар яке аз қитъаҳои сохтмони... 28.03.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-03-28T13:05+0500
2016-03-28T13:05+0500
2021-08-10T15:03+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
хоҳон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, хоҳон, раҷабалӣ раҳмоналӣ, кдам, ду нафар, гуфтушунид, афғонистон
дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, хоҳон, раҷабалӣ раҳмоналӣ, кдам, ду нафар, гуфтушунид, афғонистон
Гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Афғонистон барои раҳоии ду сокини ҶТ
13:05 28.03.2016 (Навсозишуда: 15:03 10.08.2021) Масъулини баландпояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои раҳоии ду сокини кишвар, ки рӯзи 25 март аз сӯи гурӯҳи ҷиноии Афғонистон, дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони он сӯи Ому ба музокирот пардохтанд.
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Гуфтушунидҳо ҳам бо намояндагони мақомоти расмӣ ва ҳам бо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар назди марзи муштарак амалиёт гузаронидаанд, ҷараён доранд, иттилоъ медиҳад бахши робита бо ҷомеъаи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.
"Бовар дорем гаравгонон дар фурсати наздиктарин бидуни пешниҳоди ҳар гуна шартҳову истифода аз нерӯ озод карда мешаванд", — қайд мешавад дар хабари манбаъ.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ шоми ҳамон рӯз (25 март) ба макони ҳодиса, ҷое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гаравгон гирифтанд (дар қитъаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон-шарҳи идора) рафтааст. Ӯ бо фармони раисҷумҳур роҳбарии як комиссияи вижаи ҳукуматиро оид ба тафтиши муноқишаи мусаллаҳона дар марз ба зимма дорад.
Тибқи иттилои ВАО, баъд аз зӯҳри 25 март гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон ва бо худ ба қаламрави Афғонистон бурданд.
Дар мавриди маҷруҳону ҳалокшудаҳо расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба манобеъи мухталиф иттилоъ дода буданд, ки дар пайи ин ҳамлаи мусаллаҳона касе кушта нашуда, як кас ҷароҳат бардоштааст ва ду нафари дигар гаравгон гирифта шудаанд.