ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Нархи билетҳои бозии тимҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон то 1000 сомонӣ (муодили 130 доллари амрикоӣ) мерасад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Билетҳо дар бозии футболи Тоҷикистону Қирғизистон ба се қисм ҷудо мешавад: якум, VIP ва VVIP (супер VIP). Нархи чиптаҳо аз 20 сомонӣ то 1000 сомонӣ аст",- менависад ФФТ.
Билетҳои арзонтарин барои курсиҳои зард, сурх ва кабуди варзишгоҳ аст. Дар қисми VIP- бахши ранги сабз арзиши билетҳо аз 50 сомонӣ шурӯъ мешаванд. Билетҳо дар сектори супер- VIP, барои ҷойҳои бароҳат ба мухлисон бо нархи 1000 сомонӣ пешниҳод мешаванд.
Билетҳо аз рӯзи 24 март ба фурӯш бароварда мешавад, вале дар Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯянд, кулли билетҳои VVIP аллакай харидорӣ шуданд.
Бозии интихобӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Бозиҳои футболи Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар қаламрави Федератсияи Русия, аз ҷумла дар Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва дигар шаҳрҳо сурат мепазиранд.