Дар Дарвоз дар се моҳ як бор соҳили рӯди Панҷро тоза мекунанд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкДарёи Панҷ, ки сарҳади рамзии Афғонистону Тоҷикистон аст
Дарёи Панҷ, ки сарҳади рамзии Афғонистону Тоҷикистон аст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавои софу беолоиши минтақа ба рушду нумӯъи ниҳолҳои гуногун мувофиқ аст, аммо соҳили рӯду дарёчаҳои ноҳия ба нигоҳубини ҳамешагӣ ниёз доранд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Масъулини идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз бо гурӯҳе аз хонандагону кормандони муассисаҳо ва сарбозони қисмҳои низомӣ соҳили дарёи Панҷро аз партову ахлот пок карданд.

Сирдарё дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ҳифзи муҳити зист: оби рӯди Сир олуда нест

Ба қавли сардори бахши экологияи ноҳия Саъдулло Сайфуллоев, дар ин амалиёт бештар аз 1500 нафар ширкат дошта, аз ин ба баъд се моҳ пас сурат мепазирад.

"Ин амалиёт баъди ҳар се моҳ баргузор мегардад. Дар поёноби ин рӯдхона миллионҳо нафар зиндагӣ мекунанд ва дар фасли тобистон кӯдакону наврасони зиёд ба оббозӣ машғул мешаванд. Аз ин рӯ мо сокиноне, ки дар саргаҳи об сукунат дорем, барои поку беолоиш нигаҳ доштани он масъул ҳастем",- афзуд ӯ.

Тавре манбаъ мегӯяд, дар оғози фасли баҳор дар ин ноҳия наздики 7 ҳазор дарахтони ороишию мевадор шинонда шуданд. Солҳои пеш кучати гулҳоро аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ интиқол ба ин ҷо интиқол медоданд, аммо ҳоло дар мавзеъҳои Паткуноб ва Роғак гармхонаҳо вуҷуд доранд ва соли равон дар маркази ноҳия ниҳолҳои ин гармхонаҳо шинонда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0