Штайнмайер дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВазири корҳои хориҷии Олмон ва раҳбари давраии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Френк-Валтер Штайнмайер
Вазири корҳои хориҷии Олмон ва раҳбари давраии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Френк-Валтер Штайнмайер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мӯҳлати сафари вазири умури хориҷаи Олмон ба Душанбе танҳо як рӯзро ташкил хоҳад дод ва дар ҷараёни боздид ӯ бо раисҷумҳур ва ҳамтои тоҷикаш мулоқот анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Олмон ва раҳбари давраии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Френк-Валтер Штайнмайер бо як сафари расмӣ ба Душанбе хоҳад омад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ ҶТ.

Олмон ба осебдидагони Тоҷикистон 57 ҳазор евро ихтисос дод

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни ин сафар, ки аввали моҳи апрел сурат мегирад, раҳбари сиёсати хориҷии Олмон бо ҳамтои тоҷикаш  Сироҷиддин Аслов ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот мекунад.

Ҷонибҳо дар нишастҳо ҳамкориҳо ва дурнамои равобити Тоҷикистону Олмон, инчунин ҳамкориҳоро дар ҳошияи САҲА ба баррасӣ мегиранд.   

 

Лентаи хабарҳо
0