ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. ВКХ Олмон ва Агроаксияи Олмон барои ироъаи кӯмакҳо ба осебдидагони офати табиӣ дар водии Рашт панҷоҳу ҳафт ҳазор евро ихтисос доданд, хабар доданд ба CA-News рӯзи чаҳоршанбе дар сафорати Олмон дар Душанбе.
"Сафир Ҳолгер Грэн ва мудири намояндагии созмони Агроаксияи Олмон дар Тоҷикистон Йенс Штойернагел қарордоде имзо карданд, ки тибқи он сармоягузории иқдомоте барои содда кардани вазъи мардуми аз селобу обхезиҳо зарардида дар водии Рашт сурат мегиранд", — гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.
20-21июл ярчу селобҳои бешумор, ки дар пайи боришоти шадиди борону жола рух доданд, муъҷиби хисороти зиёд дар ноҳияи Рашт шуданд. Даҳҳо манозили маскунӣ дар рустоҳои Бедак. Халкарф комилан тахриб шуда ҳудуди сад манзил қисман корношоям шуданд.
Қисмате аз ҷодда ва ду пули муҳим тахриб шуданд, ба ҷуз аз ин миқдоре аз маҳаллот аз таъмини оби ошомиданӣ ва нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Рустои Пингом бо ҷаҳон комилан иртибот надорад; дар ин ҷо танҳо ҷоддаи иртиботӣ ва чандин пулҳо тахриб шудаанд.
"Бо истифода аз маболиғи сафорати Олмон ва Агроаксияи Олмон ба 4500 нафар осебдидагони офоти табиъӣ кӯмаки мустақим ироъа хоҳад шуд. Дар ӯрдугоҳи хаймавӣ, ки аз сӯйи ниҳодҳои мақомоти давлатии маҳаллӣ ташкил шудааст, барои бархе аз хонаводаҳои осебдида шароити
Ба ҷуз аз ин дар ихтиёри сокинон аробаҳо, белҳо ва каландҳо гузошта мешаванд, то онҳо тавонанд худ дар умури тозакунӣ ва таҷдиди манозил ва заминҳои худ мушорикат кунанд.
Дар маҷмӯъ маблағи кӯмак 57 ҳазор евро мебошад — 50 ҳазор евро аз ҳисоби ВКХ Олмон ва 7 ҳазор боқимонда аз ҳисоби Агроаксияи Олмон.
"Агроаксияи Олмон барои назорат ва ҳамоҳанг сохтани иқдомоти ироъаи кӯмакҳо муваззаф шудааст", — афзуданд дар сафоратхона.
Куллияи матолиб дар бораи офоти табиӣ дар Тоҷикистонро дар ин ҷо бихонед.