Чанд варзишгари рус аз медалҳои олимпӣ маҳрум шуданд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкСергей Бакулин. Акс аз бойгонӣ
Сергей Бакулин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамин тавр, аз медалҳои тиллои Бозиҳои Олимпии соли 2012 бо қарори CAS Сергей Кирдяпкин (давидан ба масофаи 50км) ва Олга Канискина (давидан ба масофаи 20км) маҳрум карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Шаш варзишгари рус аз медалҳои олимпӣ бо қарори додгоҳи ҳакамии варзишӣ, мақарраш дар Лозан (CAS) маҳрум  шуданд.

Аз ҷумла, натиҷаҳои қаҳрамони олимпӣ аз рӯи давидан Олга Канискина аз 15 августи соли 2009 то  15 октябри соли 2012 бекор карда шуд. Ба доираи ин мӯҳлат рақобатҳои варзишгар дар Олимпиадаи Лондон, ки ӯро соҳиби медали нуқра карда буд, дохил шуд. Ғайр аз ин Канискинаро аз медали тиллои чемпионати ҷаҳони соли 2009 ва 2011, медали тиллои Аврупо-2010 ва нишони нуқраи Ҷоми ҷаҳон дар Саранск соли 2012 маҳрум намуданд.

Ҳамчунин, дигар варзишгарони Русия дар намуди давидан: чемпиони Лондон Сергей Кирдяпкин аз медали тилло, дар масофаи 50 км, Сергей Бакулин-нишони тиллои БО-2011 ва Владимир Канайкин аз медали нуқраи Бозиҳои Олимпии соли 2011 маҳрум шуданд.

Мелдоний. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боз дар бадани 60 варзишгар мелдоний ёфтанд

Дар қатори онҳо варзишгари дигар дар намуди давидан Юлия Зарипова ба таҳрим афтод. Ӯ аз рӯи давидан ба масофаи 3000 метр бо монеъаҳо аз нишони тиллои дар чемпионати ҷаҳони соли 2011 ба даст овардааш маҳрум гашт.

Дар баробари ин суди ҳакамии варзишӣ дар Лозан варзишгари дигари рус, Валерия Борчинаро аз медали дар чемпионати соли 2008 дар Пекин гирифтааш маҳрум накард, танҳо натиҷаҳояшро шурӯъ аз августи соли 2009 то октябри соли 2012 бекор кард. Ва ҳамин тавр нишонҳои тиллои Бозиҳои ҷаҳонии солҳои 2009 ва 2011-ро аз даст дод.

Оҷонсии антидоппингии Русия 20 январи соли 2015 дар бораи бо сабаби истифодаи допинг бекор кардани натиҷаҳои баъзе аз варзишгарон ба мӯҳлати шурӯъ аз соли 2009 то 2012 эълон дошт.

Ассотсиатсияи байналмиллалии варзишӣ бо чунин қарор розӣ нашуд ва ба суди ҳакамии варзишии Лозан шикоят кард. Рӯзи панҷшанбе CAS қарори худр баровард.

Ҳукми додгоҳи ҳакамии варзиширо вазири спорти Русия Виталий Мутко шарҳ дод. Ба гуфти ӯ, парванда алайҳи намояндагони варзиши ФР дар намуди варзиши сабук "махфӣ" аст.

Лентаи хабарҳо
0