ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мелдоний аз ҷониби WADA шурӯъ аз 1 январи соли 2016 ба рӯйхати маводҳои манъшуда дохил карда шуд. Ин мавод ҳам дар мусобиқа ва ҳам берун аз он манъшуда ба шумор рафта, ба гурӯҳи маводҳои ҳормонҳои таҳрикдиҳанда шомил мебошад.
"Агар сухан дар бораи истифодаи он равад, аз моҳи январ инҷониб дар бадани зиёда аз 60 варзишгар мелдоний дарёфт шуд",-мегӯяд Николс дар суҳбат бо рӯзномаи The New York Times.
Қаблан бо сабаби истифодаи маводи номбаршуда якбора чанд нафар варзишгарони Русия аз ширкат бозиҳои олимпӣ маҳрум шуданд: Мария Шарапова, теннисбоз, Екатерина Боброва, фигуристка, Павел Кулижников, конкитоз, Семен Елистратов, шорт-трекист, Александр Маркин, варзишгари намуди волейбол ва Эдуард Латипов варзишгари намуди биатлон.