ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Аз дохили ҷӯйи обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ субҳи рӯзи 22 март ҷасади як зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардида, ду рӯз баъд гумонбари куштор боздошт шуд, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
"Муайян карда шуд, ки он ҷасади як зани 26-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор мекардааст",- меафзояд манбаъ.
Барои муайян ва ошкор намудани ҷинояти куштор ба таври оҷил бо супориши Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.
Ҳамин тавр, рӯзи 24 март кормандони РВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.