ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Гумонбари аслӣ дар куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки рӯзи 7 ноябр рух дода буд дастгир шуд, иттилоъ медиҳад ВКД-и Тоҷикистон.
Вазорати умури дохилаи кишвар имрӯз, 13 ноябр Умедҷони Амрохони 22- сола, сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони даст доштан дар куштори майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов, инчунин захмӣ намудани лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиеву ронандаи комиссариат Рустам Саъдуллоев боздошт намуд.
"Гумонбар дар шаҳри Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад. Умедҷони Амрохон ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтукоб қарор дорад, содир намудааст. Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад",- меафзояд манбаъ.
Қаблан ВКД-и Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони кормандони комиссариати ҳарбӣ 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон карда буд.
Ёдрас менамоем, субҳи рӯзи шанбеи 7-ноябр бар асари ҳамлаи шахсони номаълум ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов ба ҳалокат расида, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев ва ронандаи комиссарияти мазкур Рустам Саъдуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.