Изҳори сипоси Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Конибодом

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон бо сокинони Конибодом дар зардолузор мулоқот кард. 24 марти соли 2016
Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Конибодом дар зардолузор мулоқот кард. 24 марти соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди суханронии президент аз номи сокинони Конибодом чанд нафар баромад карда, ба расиҷумҳур барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.

ДУШАНБЕ,  24 мар — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздидаш аз вилояти Суғд бо сокинони шаҳри Конибодоми мулоқот кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Ба навиштаи манбаъ, вохӯрии сарвари давлат дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви ин шаҳр сурат пазируфт.

Қаблан, оқои Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд корхонаи сементбарориро ифтитоҳ кард

Ҳамзамон, раисҷумҳур ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

Дар анҷом президенти Тоҷикистон ба мардуми Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати феълии ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.

Лентаи хабарҳо
0