ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Се рӯз қабл намоиши расмҳои "Роҳи бузурги абрешим"-и шаҳри Елабуга (Тотористон) дар пойтахти Чин оғоз гардид.
Намоишгоҳ дар маркази фарҳангии Русия дар шаҳри Пекин бо дастгирии вазорати фарҳанги Русия, вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тотористон ва осорхона-мамнӯъгоҳи Елабуг мегузарад ва то 1 апрел давом мекунад.
Дар намоишгоҳ 46 расми 32 рассом аз нӯҳ кишвари дунё ба маъраз гузошта шудаанд. Дар қатори онҳо асарҳои рассомони барҷаста аз Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон,Туркия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистонро дидан мумкин аст.
Дар маросими ифтитоҳ сафири Русия дар Чин Андрей Денисов, муовини дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) Ван Кайвен, сафирони давлатҳои ИДМ ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ ширкат доштанд.
Сафири Федератсияи Русия ҷамъомадагонро бо се забон —русӣ, чинӣ ва англисӣ табрик намуда, сухани ифтитоҳиашро ироа кард.
"Ҷанобон ва хонумон! Бори дигар ҳамаи шуморо ба намоишгоҳи "Роҳи бузурги абрешим" ба маркази фарҳанги русӣ хуш омадед мегӯям. Имрӯз мо имкон дорем, асарҳои бузурги рассомонро аз мамлакатҳои гуногун бубинем ва бо фарҳанги Тотористон шинос шавем", — гуфт Андрей Денисов.
Сафир ёдовар шуд, ки дар замонҳои қадим роҳи бузурги абрешим яке аз муҳимтарин шоҳроҳи тиҷоратии ҷаҳонӣ ва шабакаи алоқаи байни фарҳангҳо буд.
"Имрӯзҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки роҳи (нави) Абрешим дар заминаи ҳамкориҳои мамлакатҳои гуногуни минтақаи АвруОсиё, дар мисоли Созмони ҳамкориҳои Шанхай маънои дигар касб мекунад", —қайд кард дипломат.
Пас аз суханронии тантанавӣ барои ҷамъомадагон гурӯҳи овозхонон бо либоси миллии тоторӣ баромад карданд.