Аксияи “Полки мағлубнашаванда” дар Шветсария, Австралия ва Малта

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАксияи "Полки мағлубнашаванда". Акс аз бойгонӣ
Аксияи Полки мағлубнашаванда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони чанд кишвари Аврупо дар паради “Полки мағлубнашаванда” , ки дар доираи он нишон додани аксҳои ақрабои дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ эълом шудааст, ҷонибдорӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Аксияи ҷамъиятии "Полки мағлубнашаванда" бори аввал рӯзи 9 май дар шаҳрҳои Брисбен (Австралия), Сан Жуан (Малта) ва Тсюрих (Швейтария) гузаронида мешавад, омадааст дар торномаи вижаи чорабинӣ.

Мумин Каноат - Sputnik Тоҷикистон
Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад

"Полки мағлубнашаванда" — аксияи ҷамъиятиест,  ки дар доираи он одамон суратҳои хешу ақрабои дар Ҷанги Бузурги ватанӣ иштирок доштаашонро ба намоиш мебароранд. Ин аксия дар Рӯзи Ғалаба дар Русия ва дигар кишварҳо баргузор мегардад. Бори аввал аксия дар Томск гузаронида шуд.

Соли 2015 дар ФР ҳудуди 12 миллион нафар дар аксияи "Полки мағлубнашаванда"    ширкат варзиданд.

"Имсол дар баробари дави миллӣ ва консертҳо дар Брисбени Австралия мехоҳанд аксияи "Полки мағлубнашавандар"-ро низ баргузор намоянд",- гуфта мешавад дар иттилоия.

Зикр мешавад, ки чунин раҳпаймоӣ дар Тсюрихи Шветсария ва Сан Жуани Малта низ доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0