Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад

© Sputnik / Амир ИсаевМумин Каноат
Мумин Каноат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муъмин Қаноат, шоири тоҷик, дар баҳси ин ки оё ҷанги солҳои 1941-45 барои тоҷикони имрӯзӣ Ҷанги бузурги Ватанӣ аст ё Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, гуфт, ба далели ин ки фарзандони тоҷик дар он ҷанг ширкат карда ва қурбонӣ шудаанд, Ҷанги бузурги Ватанист.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки рӯзи 30 апрел дар Душанбе баргузор шуд, гуфт, набояд корнамоии фарзандони тоҷик дар Ҷанги бузурги Ватанӣ фаромӯш шавад.

Вай афзуд, яке аз сабабҳои ҷангноманависӣ ва сароидани достонҳои ҷангиаш ҳам ҳамин будааст, ки дар бархе маврид корнамоӣ ва қаҳрамониҳои ҷанговарони тоҷик нодида гирифта мешуданд.

"Барои ман бисёр аламовар буд, ки бисёр тоҷикҳое, ки аз Тоҷикистон дар ҷанг корнамоӣ нишон дода буданд, бо номи тотор ӯзбаку бо номҳои дигар дар ҳуҷҷатҳо қаламдод шуданд. Яке аз сабабҳое, ки ман ба ҷангноманависӣ рӯ овардам ҳамин алам буд, ки ҳамон вақт ҳам тоҷикҳо пушту паноҳе надоштанд, ки аз қаҳрамонҳои худаш дифоъ кунанд", — гуфт Муъмин Қаноат.

Шоири тоҷик барои мисол аз корнамоҳои иштирокчии ҷанг Саидаҳмад Каримов ёдовар шуд. Ба гуфтаи Муъмин Қаноат, Саидаҳмад Каримов барои корнамоиҳояш 3 маротиба барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ пешниҳод гардид, вале ба ӯ ин унвонро надоданд.

"Саидаҳмад аз Ховалинг буд, "Гули бодом"-ро барои ҳамон навиштам, аспаш Гули бодом ном дошт. Баъд алам намекунад? Касе ки ватанпараст бошаду шоир бошад, алам мекунад. Ман ҳам аз рӯи аламу бесоҳибӣ рӯ овардам ба ҷангноманависӣ", — афзуд Қаноат.

Дар идомаи маҳфил, вай ба баҳси ин ки оё ҷанги солҳои 1941-45 барои Тоҷикистони имрӯзӣ Ҷанги дувуми ҷаҳонист ё Ҷанги бузурги ватанӣ, дахл карда, гуфт, Ҷанги бузурги ватанист. Зеро, ба гуфтаи вай, тоҷикон дар ин ҷанг қурбонии зиёд доданд, корнамоӣ карданд, ҷасорат нишон доданд. Дар ақибгоҳ низ хизматӣ зиёд карда шуд, ҳамаи меҳнату сарвати Тоҷикистон дар он солҳо ба фронт фиристода мешуд. Аз ин нигоҳ, ба гуфтаи Муъмин Қаноат, барои Тоҷикистон ин Ҷанги бузурги ватанӣ аст.

Муъмин Қаноат, барандаи мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи медали тиллоии "Муҳофизати Сталинград", ки аз ҷониби ҳукумати Русия тақдим шудааст, мебошад.

Вай алъон 82 сол дорад. То имрӯз достон ва шеърҳои мондагоре эҷод кардааст.

"Шоир ва шоҳ", "Ситораи исмат", "Китобҳои захмин", "Масъуднома", "Сурӯши  Сталинград", "Тоҷикистон — исми ман", "Падар", "Достони оташ", "Гаҳвораи Сино", "Мавҷҳои Днепр", "Ҳамосаи дод" аз машҳуртарин офаридаҳои Муъмин Қаноат аст.

Лентаи хабарҳо
0