Гулзода дар Маскав забони тоҷикиро меомӯзонад

© Sputnik / Анастасия ЛебедеваНаврӯз Гулзода аснои дарс дар "Мактаби забонҳои ҳамсоя" дар Маскав
Наврӯз Гулзода аснои дарс дар Мактаби забонҳои ҳамсоя дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хоҳишмандони курсҳои “Мактаби забонҳои ҳамсоя” чунон зиёд буданд, ки ташкилкунандагон маҷбур шуданд хонандагонро тариқи саволномае, ки бояд сабаби омӯзиши забонро исбот мекард, ба курс интихоб намоянд.

ДУШАНБЕ,  23 мар — Sputnik. Дар пойтахти Русия омӯхтани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони Маскав шавқовар аст. Аввали моҳи феврали соли 2016 дар Китобхонаи давлатии адабиёти хориҷии бо номи М.А.Рудомино лоиҳаи ғайритиҷоратии "Мактаби забонҳои ҳамсоя" ба кор шурӯъ кард. Ин лоиҳа имкон медиҳад, то хоҳишмандон забонҳои кишварҳои ИДМ-ро омӯзанд.

Google Translate бо забони тоҷикӣ ҳам тарҷума мекунад

Дар гурӯҳи забони тоҷикӣ 14 нафар машғули омӯзиш буда, аз онҳо 8 нафарашон донишҷӯ, ки дили гурӯҳ ба шумор мераванд, мебошанд.

"Гурӯҳи хубанд. Бисёр донишҷӯёни фаъол ва боҳушанд ",-мегӯяд Наврӯз Гулзода номзади илмҳои филологӣ, устоди Маркази фарҳанг ва забони тоҷикии Донишгоҳи забоншиносии Маскав, дар бораи хонандагон.

Ҳар яке аз инҳо мақсади худро доранд. Бархе мегӯянд забони тоҷикиро барои грамматикааш меомӯзанд, вале барои бештари онҳо ин забон барои кор кардан лозим шудааст.

Рағбати забономӯзон аз куҷост?

"Ман ҳис мекунам, ки дар як барнома баъди як сол он фаъол хоҳад шуд. Барои ҳамин кор ба ман донистани забони  тоҷикӣ ҳатмист",-- мегӯяд сардори ин синфи забономӯзӣ Олга Челберг, корманди ширкати муштараки  руси-булғорӣ.

Дарсҳо дар муҳити дӯстона мегузаранд. Муаллим Наврӯз ба ҳамаи донишҷӯён диққат медиҳад, бисёр шӯх аст, кӯшиш мекунад натанҳо дар бораи забони тоҷикӣ, балки дар бораи урфу одати тоҷикистониён барои мо маълумот диҳад.

© Sputnik / Анастасия ЛебедеваАснои дарс дар "Мактаби забонҳои ҳамсоя"
На занятиях в Школе языков соседей в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Аснои дарс дар "Мактаби забонҳои ҳамсоя"

 

Аён аст, ки  иштирокчиён нисбати дигар донишҷӯён мехоҳанд дар муддати кӯтоҳ забони тоҷикиро аз худ кунанд. Онҳо ба муаллимашон саволҳои зиёд дода, бо диққати зиёд гуфтаҳои ӯро сабт мекунанд.

"Забони мушкил. Вазифаи хонагӣ хеле бисёр месупоранд, вале мо бо муаллимамон иртиботи дуҷониба дорем. Мо вазифаро иҷро карда ба устодамон мефиристем, Наврӯз  Давлатович бошад, ҷавобҳоро ба мо мефиристад ва ҳамин тавр дар давоми ҳафта иртиботамон барқарор аст", — мегӯяд Олга.

Дар давоми омӯзиш донишҷӯён калимаҳои навро аз худ карда, машғулиятҳои гуногун вобаста ба грамматикаро иҷро менамоянд ва ҳамчунин ба хондан ва тарҷумаи матнҳо машғул мешаванд.

Мутаассифона, қисме аз донишомӯзон бо сабаби реҷаи номуносиби кор наметавонанд дар дарсҳо иштирок кунанд. Вале ин боиси ақибмонии онҳо намегардад, зеро муаллим маводҳо ва вазифаҳои хонагиро тариқи почтаи электронӣ ба онҳо равон мекунад.

Хонандагон изҳор доштанд, ки курс барои омӯзиши мустақилона нигаронида шудааст. Ғайр аз дарс хонандагон ба омӯхтани вожаҳо ва тарҷумаи матнҳо мустақилона машғул шуда, бо устод тариқи шабакаҳои интернетӣ алоқа доранд.

Ин гурӯҳи чоруми дарсомӯзон аст, қайд кард Навруз Давлатович. Ва баръакси се гурӯҳи аввал,  донишҷӯёни ин гурӯҳ тариқи саволнома ва навиштани нақли хаттӣ интихоб гардиданд. Дар саволнома онҳо бояд қайд мекарданд, ки барои чӣ хоҳиши омӯхтани забони тоҷикиро доранд.

Ба қавли устод чунин қоидаҳои қабули донишомӯзон бо сабаби зиёд будани хоҳишмандон ҷорӣ шуданд. Ҳамин тавр, аз 28 нафари хоҳишмандон 14 нафарашон ба гурӯҳ интихоб шуданд.

"Ман мехоҳам, ки ҳама забони тоҷикиро донанд. Махз бо ин забон асарҳои волоарзиши ҷаҳонӣ навишта шудаанд. Дар дунё нафаре нест, ки Умар Хайёмро нашиносад. Ба мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ нигоҳ накарда забони тоҷикӣ то имрӯз бо шарофати Хйём, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон зинда аст", — мегӯяд Гулзода.

Барномаи омӯзишӣ аз 16 дарс иборат  аст. Баъди ҳар дарс хонандагон корҳои санҷишӣ менависанд, баъди ба итмом расидани курс бошад, онҳоро имтиҳон интизор аст.

Қисми зиёди донишҷӯён баъди хатми курс омӯхтани забони тоҷикиро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0