ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар хадамоти веб (веб-сервис)-и ширкати Google тарҷумони худкор бо забони тоҷикӣ фаъол шуд, менависад сомонаи расмии Google Translate.
Рӯзи 11 декабр дар баробари забони тоҷикӣ, боз 9 забони дигар, аз ҷумла ӯзбакӣ ва қазоқӣ низ ба феҳрасти забонҳои тарҷумашаванда ворид гардиданд.
"Ин навоварӣ ба 200 миллион нафар одамон дар рӯи дунё имкон медиҳад, ки тарҷумаи матнҳоро ба осонӣ анҷом диҳанд. Ба наздики як чунин нармафзорҳо барои гӯшиҳо (телефонҳои мобилӣ) низ дастрас мешаванд",- менависад ширкат.
Ба иттилои манбаъ, ҳар як истифодабаранда метавонад барои беҳтар кардани сифати тарҷума саҳмгузор бошад: ба ишораи қалам нохун зада, тугмачаи "Беҳтар кардани тарҷума" (Улучшит ь перевод)-ро зер кардан зарур аст. Пас аз ворид кардани ислоҳ ширкат тағйиротро истифода хоҳад кард.