Таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон оғоз гардид

Обуна шудан
Президенти кишвар низ дар ҷараёни сӯҳбаташ дар ҳамоиши шоирони ҳавзаи Наврӯз гуфт, ки ин ҷашн то 24 март идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Барои таҷлили Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон чор рӯзи истироҳат эълом гардида, субҳи имрӯз тантанаҳои наврӯзӣ дар саросари кишвар оғоз ёфтанд.

Таҷлили Наврӯз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз ва 6 рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе, барномаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз як барномаи ҷолиб дар "Наврӯзгоҳ" оғоз ёфта, рӯзи 22 март бо сайругашти оммавии идона дар кулли навоҳии шаҳр идома хоҳад ёфт. Рӯзи 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав низ чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешаванд.

"Ҳукумати шаҳри Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавонони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим менамояд",- меафзояд манбаъ.

Наврӯз дар Тоҷикистон баъд аз ба истиқлол расидани кишвар ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид.

Моҳи сентябри соли 2009 созмони байналмилалалии  ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии СММ Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид кард ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

© SputnikКак отмечают Навруз в Таджикистане
Как отмечают Навруз в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Как отмечают Навруз в Таджикистане

 

Лентаи хабарҳо
0