Наврӯз ва 6 рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТаҷлили Наврӯз. Акс аз бойгонӣ
Таҷлили Наврӯз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари чорабиниҳои расмӣ дар арафаи таҷлили Наврӯз рӯзи 19 март шанбегии умумиҷумҳуриявӣ эълон кардааст.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар робита ба ҷашнгирии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон шаш рӯз: 19, 20, 21, 22, 23, 24 март истироҳат мекунад. Рӯзи аввали корӣ  дар муассиса ва корхонаҳои кишвар — 25 март эълон шудааст.

Ғайр аз рӯзҳои "сурх", ҳукумати Тоҷикистон сокинони кишварро 19 март ба шанбегии умумиҷумҳуриявӣ даъват менамояд.

"Наврӯз" ин рӯзи нав, саршавии солшумории шамсӣ-қамарӣ аст. Маҳз, ҷашни баҳорӣ, рӯзи нахусти соли нав,  рӯзи баробаршавии шабу рӯз, машҳуртарин иди форсҳо-тоҷикон ва аксари дигар сокинони Сайёра- Наврӯз унвон дорад.

Рӯзҳои аслии таҷлил аз Наврӯз 21 ва 22 март маҳсуб мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0