ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Роҳбари Хазинаи табиати ваҳшии (WWF) Русия Игор Честин мегӯяд, 178 давлати дунё имсол дар ин аксия ширкат хоҳанд кард, соли гузашта 172 кишвар, яъне имсол шаш давлати дигар ба ин чорабинӣ илова шуданд.
Бори дигар маконҳои машҳуртарини тамошобоби ҷаҳонӣ, чун Биг-Бен, калисои Хонаводаи Муқаддас (собор Святого Семейства) дар Барселона, Масҷиди кабуд дар Истамбул, Акрополи афинӣ, калисои Муқаддаси Петр (собор Святого Петра) дар Ватикан, манораи Эйфел дар Фаронса, Эмпайр-стейт-билдинг ва Таймс-сквер дар Ню-Йорк, шаршараи Ниагара, фурудгоҳи байналмиллалии Лос-Анҷелес рушноиро хомӯш мекунанд. Дар Маскав рушноии чароғҳои Кремл ва дигар маконҳо хомӯш хоҳад шуд.
Дар ин муддат рӯшноии Қасри Букингем, аҳромҳои Миср, Тоҷмаҳал ва ғайраҳо хомӯш хоҳанд шуд.
"Соати Замин"-ро сиёсатмадорони собиқ- Николя Саркози, собиқ роҳбарони ИМА, ва сулолаҳои шоҳӣ дастгирӣ менамоянд. Он бори нахуст аз ҷониби WWF соли 2007 ташкил ёфт. Ин аксия аҳолии ҷаҳонро ба хомӯш кардани барқ ва лавозимоти барқӣ дар муддати як соат, чун нишонаи бепарво набудан ба ояндаи кураи замин, ҷалб менамояд.
Соли 2015 дар аксия 172 кишвар ва зиёда аз 2 миллиард нафар иштирок варзиданд. Сомонаи расмии аксия — 60.wwf.ru. аст.