Футбол (U-16): пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстона

© Федерация футбола ТаджикистанаЛаҳзае аз бозии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон. 29 декабри соли 2015
Лаҳзае аз бозии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон. 29 декабри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вохӯрии аввалин тими ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистон дастаи мунтхаби ҳамтоёни худ аз Қазоқистонро шикаст доданд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар як бозии рафиқона ҳамсолонашон аз Қазоқистонро шикаст доданд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тими ҷавонони ҶТ бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон бозӣ мекунанд

Ба қавли манбаъ, бозии дӯстона миёни тимҳои футболи ҷавонон (U-16)-и Тоҷикистон ва Қазоқистон дирӯз, 16 март дар варзишгоҳи "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гашта, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Тӯбҳоро ба дарвозаи меҳмонон бозигарони дастаи "Помир"-и Душанбе Фаридун Неъматов ва Тоҳир Малодустов ба нишон  расониданд. Голи ягонаи Қазоқистонро бошад, Денис Красноперов зад.

Фардо, 18 март бозии дуввуми рафиқона байни тимҳои футболи ҷавонони ҶТ ва Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0