Эмомалӣ Раҳмон озими Пекин шуд

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. 9 июли соли 2015. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. 9 июли соли 2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоили марбут ба ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ, амнияти минтақа ва мушкилоти ҷаҳони муосир дар мулоқоту нишастҳои Пекин матраҳ хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Баъд аз зӯҳри имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар кард, менависад сомонаи раисҷумҳур.

Дар фурудгоҳи Душанбе президентро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев, нахуствазир  Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Манбаъ меафзояд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигарон ҳамроҳӣ доранд.   

 

Лентаи хабарҳо
0