Ҳуқуқдонҳо: ислоҳи қонуни даъват ба артиш "облава"-ро қонунӣ мекунад

© Sputnik / Виталий АньковДаъват ба суфуфи артиш. Акс аз бойгонӣ
Даъват ба суфуфи артиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар баёнияи созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ИДМ ва Аврупо бартариҳо ва камбудиҳои тарҳи қонуни ҷадиди хидмати низомӣ, аз ҷумла наҳваи супоридани даъватнома ба маркази низомӣ зикр шудаанд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бист созмони мустақили ҳуқуқи башар дар робита ба ворид кардани ислоҳот ба қонун дар бораи хидмати низомӣ, ки метавонанд "облава"-и даъватшудагонро қонунӣ созад, эътироз кардаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Тарҳи қонун "Дар бораи ӯҳдадории низомӣ ва хидмати низомӣ" аллакай дар сойти вазорати адлия мунташир шудааст.

"Дар сурати сарпечӣ аз гирифтани даъватнома аз сӯйи даъватшуда, мадару модар, узви болиғи хонавода ва ё бидуни далели узрнок дар мӯҳлати дар даъватнома зикшуда ҳозир нашудан ба маросими марбут ба даъват ба хидмати низомӣ, таъмини ҳузури вай бо дархости расмии марокизи даъват ба ниҳодҳои интизомӣ вогузор мешавад", — омадааст дар қисми 5 моддаи 36 тарҳи қонун, ки ба он ҳомиёни ҳуқуқи башар ишора мекунанд.

Ин муқаррарот имкон медиҳад, ки боздоштҳо ба ҳангоми даъвати низомӣ қонунӣ карда шаванд, изҳор кардаанд масъулони 20 созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ИДМ ва Аврупо, ки матни баёнияи онро хабаргузории "Азия-Плюс" мунташир кардааст. Ва таъмини ҳузури даъватшудагон аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ навъи маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Мудофеъони ҳуқуқи башар боз ба ду нуктаи манфӣ дар ин тарҳи қонун ишора кардаанд. Тибқи ислоҳоти ҷадид, шаҳрвандоне, ки бояд ба хидмати низомӣ даъват шаванд, муваззафанд бо имзои шахсии худ даъватномаро бипазиранд ва дар сурати набуданашон пайвандони фарди даъватшаванда ба ин кор муваззаф шудаанд.

"Вале аъзои хонавода наметавонанд барои амали узви ба балоғатрасидаи хонавода ҷавобгарӣ дошта бошанд, — изҳор кардаанд мудофеъон. — Сарпечӣ аз гирифтани даъватнома аз сӯйи аъзои хонавода ҳаққи қонунии онҳо мебошад ва наметавонад далели муҷозоти маъмурӣ ё ҷиноии даъватшаванда бошад".

Ҳамзамон, тарҳи ин қонун мавридеро низ дорад, ки аз сӯйи ҳомиёни ҳуқуқ пазируфта шудааст. Аз ҷумла, қонуни ҷадид мӯҳлати хидмати низомӣ барои сарбозон ва сержантҳоро аз 24 то ба 18 моҳ коҳиш додааст ва афроди дорои маълумоти олӣ танҳо 12 моҳ хидмат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0