ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшид, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.
Манбаъ мегӯяд, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот наздики 9 миллион сомонӣ ва барои бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намудани он 1 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст. Бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ аз панҷ ошёна иборат буда, барои қабули 310 нафар бемор дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Дар Маркази саломатӣ беш аз 300 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот ба табибони марказ дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар марказ барои ташхису табобати беморон технологияи ҷадиди соҳа аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Корея ворид карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулин таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо ва сабти барқии дил имкон медиҳад, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад.
Маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулу, гушу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, ӯҳфабемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад.
Дар марказ барои солимии равонии беморон ва ташхису тавонбахшии маъюбон низ толор ва утоқҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
Ҳамзамон, барои мутахассисони тибби оилавӣ пойгоҳи омӯзишӣ фаъолият хоҳад кард, ки он дар баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии духторон нақши асосӣ дорад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити Маркази нави саломатӣ дар саҳни ҳавлӣ раисҷумҳур бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ суҳбат кард.
Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоотҳои гуногунро дар арафаи идҳои баҳорӣ сарвари давлат тӯҳфаи арзандаи ҳукумати мамлакат ба мардум дар соли таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.