Ифтитоҳи маҷмааи нави тиббӣ дар Душанбе бо ширкати раисҷумҳур

Обуна шудан
Бунёди ин маҷмааи нави тиббӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев моҳи апрели соли 2013 оғоз гардида, масоҳати умумии он 11 гектар ва масоҳати умумии биноҳояш 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, як маҷмааи бузурги тандурустиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд., иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.

Президенти ҶТ ба истифода додани ин маркази тандурустиро туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи тиб дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25 —солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ карда, пешниҳод сохт ба он номи "Истиқлол"  гузошта шавад.

Раҳмон ТВ “Варзиш” ва “Синамо”-ро ба кор даровард

Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисиҷумҳур, арзиши сохтмони ин маҷмаа беш аз 700 миллион сомонӣ буда, баробари ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмаа қариб 3000 нафар кормандони гуногунихтисоси соҳаи тиб бо ҷойи кори доимӣ ва маоши миёнаи аз 1200 сомонӣ то 3500 сомонӣ таъмин мешаванд.

Бунёди ин маҷмааи нави тиббӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев моҳи апрели соли 2013 оғоз гардида, масоҳати умумии он 11 гектар ва масоҳати умумии биноҳояш 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Маҷмааи тиббӣ аз биноҳои аз 1 то 9 ошёна иборат буда, дорои шӯъбаҳои гуногун — шӯъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0