ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Нозирони раёсати Росселхознадзор дар вилояти Новосибирск ду кабутареро, ки аз Тоҷикистон ба ин вилоят оварда шудаанд, ба макони аслиашон баргардонидааст, омадааст дар сомонаи ин хадамот.
Кабутарҳо дар пайи назорати кормандони ин ниҳод дар фурудгоҳи "Толмачево"-и Новосибирск ошкор шуданд.
Масъулини Росселхознадзор мегӯянд, ду кабутар, ки аз бағоҷи шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст, бидуни иҷоза ва асноди зарурии байторӣ ба ФР интиқол шудаанд.
Бо мақсади ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани бемориҳои сироятӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода нашуд, ки ҷуфти кабутаронро вориди Русия созад. Кабутарони депорт ва бо хатсайри наздиктарин ба Тоҷикистон мунтақил шуданд.