Royal Bank of Scotland 550 коргарро ба роботҳо иваз мекунад

© AFP 2023 / JUSTIN TALLISРоҳгузарон дар назди Royal Bank of Scotland. Акс аз бойгонӣ
Роҳгузарон дар назди Royal Bank of Scotland. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки бритониёии Royal Bank of Scotland (RBS) нақша дорад, наздики 550 кормандашро дар доираи барномаи ивазкунии шӯъбаҳое, ки ба машварати муштариён оид ба сармоягузорӣ ва суғурта машғуланд, ихтисор намуда, онҳоро ба роботҳои машваратӣ иваз кунад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Блумберг бо истинод ба як манбаъа дар ин ниҳоди молӣ.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тибқи маълумоти манбаъ ба  аксари муштариён тавассути барномаи нави онлайн-платформа хизмат расонида мешавад. Чунин хизматрасониҳо, барои шахсоне, ки  андозаи сармояаашон на камтар аз 250 ҳазор фунт стерлинг (тақрибан 360 ҳазор доллар) аст, роҳандозӣ мегарданд.

"Муштариёни мо ҳарчӣ бештар мехоҳанд хизматрасониҳои бонкиро ба тарзи онлайн анҷом диҳанд. Дар натиҷа мо мушовиронамонро кам карда, маблағҳоро ба сармоягузории онлайн-платформа интиқол медиҳем",- мегӯяд оҷонсӣ бо такя ба изҳороти RBS.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Роҳандозии низоми ягонаи электронии савдо миёни бонкҳо дар ҶТ

Сарвари кулли RBS Росс Мак Эван (Ross McEwan) феълан кӯшиши худро барои кам кардани хароҷот,  аз ҷумла ихтисор намудани теъдоди коргарон равона намуда, ба қарздиҳии истеъмолии дохилӣ диққати махсус медиҳад. Ин талошҳои RBS барои боло бурдани нишондоҳо баъди ҳашт соли нокомиҳо бастагӣ дорад.

Ҳамин тавр, масрафоти холиси RBS дар соли 2015 1,98 миллиард фунт (2,76 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад.

RBS дар қатори Lloyds Banking Group, яке аз бонкҳое буд, ки соли 2008, дар соли бӯҳрони иқтисодӣ аз давлат ба ивази саҳми давлат  дар бонк маблағҳои бузурги давлатиро дарёфт кардааст.

Дар ҳоли ҳозир, ҳукумати Бритониё 72,9%-и аксияҳои RBS-ро дар даст дорад ва марҳила ба марҳила онро ба поён мебарад. Моҳи ноябр "Экспобанк" ва "RBS" барои харидории бонки RBS дар Русия ба мувофиқа расиданд. Дар назар аст, ки ин амалиётро нимсолаи аввали соли 2016 баъди ба даст овардани мувофиқа аз ҷониби Бонки марказии Русия амалӣ менамояд.   

Лентаи хабарҳо
0