ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Иштирокчиёни бозомузӣ бо роҳҳои ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва ёрӣ ба қурбониёни ин намуди ҷиноят шинос мешаванд.
Давраи бозомӯзӣ дар чорчӯби лоиҳаи "Чораҳои вокуниш ба ҷиноятҳои савдои одамон" аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) роҳандозӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин Вазорати тандурустӣ сурат мепазирад.
Бино ба иттилоъи расмӣ, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Департаменти давлати ИМА оид ба назорат ва мубориза бо савдои одамон маблағгузорӣ карда мешавад.
Бозомӯзон бо сохтор ва фаъолияти Механизми миллии бозравонӣ (ММБ) ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани савдои одамон шинос хоҳанд шуд. Ба онҳо инчунин дар бораи воситаҳои муайян намудани ниёзҳои равонӣ ва равониҷтимоии қурбониёни савдои одамон, роҳҳои расонидани ёрии равонӣ ба онҳо ва аҳли хонадонашон маълумот медиҳанд.
Ҳадафи аслии тарҳ тавсеаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон дониста мешавад.