ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар Ҷоми AFC аз "Триполи" дар Лубнон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин бозӣ рӯзи гузашта дар дар варзишгоҳи "Триполи"-и шаҳри Триполи бо ҳузури беш аз 4000 ҳазор мухлис баргузор шуд.
Легионери украинии "Истиқлол" Александр Каблаш дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро боз кард, аммо пас аз се дақиқа Абдул Азиз, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи "Триполи"-ро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонд.
Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи "В", дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бар тими меҳмон — «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ — бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ҳамин тавр, "Ал-Файсалӣ" бо 4 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "В" мақоми аввалро касб кардааст. "Нафит Ал-Васат" ва "Триполи" бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор доранд. "Истиқлол" бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дастаи "Истиқлол" бозии даври севвумро рӯзи 15 март дар меҳмонӣ бо "Нафит Ал-Васат"-и Ироқ анҷом медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, даҳаи дуввуми моҳи феврали соли равон, тими "Истиқлол" бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро бо тими "Ал-Файсалӣ"-и Урдун дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.