КФО-2016: нахустин бозии имсола ва мусовии “Истиқлол”

© Sputnik / Амир Исаев31 октябр. Бозии финалӣ дар Душанбе барои Ҷоми КФО-2015. Истиқлол- Ҷоҳар- Дарул --Такзим"
31 октябр. Бозии финалӣ дар Душанбе барои Ҷоми КФО-2015. Истиқлол- Ҷоҳар- Дарул --Такзим - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони чаҳоркаратаи футболи Тоҷикистон- дастаи “Истиқлол”-и пойтахт дар даври аввали сабқати Ҷоми КФО-2016 дар майдони худ тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдунро қабул кард.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар даври аввали бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016 (AFK-2016) бо тими "Ал-Файсалӣ"-и Урдунро бозиро мусовӣ анҷом дод, менависад хадамоти матбуотии ФФТ.

Тамрини дастаи Хуҷанд дар варзишгоҳи Ал-Ҳусайн. 7.02.2016 - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи “Хуҷанд” дар Ҷоми КФО-2015: сабқат бо тими Фаластин

"Ин бозӣ бегоҳи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 8500 мухлис сурат гирифт. Қаҳрамони чаҳоркаратаи футболи Тоҷикистон бозиро бо барандаи дукаратаи Ҷоми КФО бо ҳисоби баробари 0:0 ба поён бурд",- омадааст дар хабар.

Дар қисмати аввали бозӣ футболистони урдунӣ ду маротиба имкони ворид кардани тӯбро ба дарвозаи "Истиқлол" доштанд, аммо ҳар ду дафъа тӯб ба болочӯби дарвоза бархӯрд. Шонси пирӯзӣ аз "Истиқлол" ҳам буд, аммо соҳибони майдон аз он хуб истифода карда натавонистанд.

Тими "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои "Нафит Ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсалӣ"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон рақобат мекунад.

Бозии навбатии "Истиқлол" 8 март дар меҳмонӣ бо "Триполи"-и Лубнон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0