ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ронандае, ки ду рӯзи пеш дар маркази Душанбе бо нақлиёти сабукрави тамғаи "Опел-Вектра" хонандагонро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуда буд, боздошт гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилӣ.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад, дастгиршуда 25 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе мебошад.
Ронандаи мазкур аснои ҳаракат бо кӯчаи Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба самти кӯчаи Карамови пойтахт, дар рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умуми №14 бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, идораи нақлиётро аз даст додааст.
"Дар натиҷаи садама пиёдагардони ноболиғ: духтарчаи 11-сола ва ду духтарчаи 12-солаи сокинони шаҳри Душанбе, хонандагони мактаби таҳсилоти умумии зикргардидаро пахш намудааст. Ноболиғон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Духтарчаи 11-сола пас аз муддате дар беморхона ба ҳалокат расидааст",- менависад манбаъ.
Дар мавриди ин ҳодиса шоҳидони ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, навиштанд, ки ронанда баъди он ки хонандаҳои мактабро пахш мекунад, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Дар нисбати сарнишини мошин парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.