ВКД: ду садама дар Хатлон ду кушта бар ҷой гузошт

© Sputnik / Сергей ЕщенкоСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷануби Тоҷикистон тайи ду рӯзи гузашта ду садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо ду сокини маҳаллӣ ҷон бохтаанд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ронандаи мошини боркаши тамғаи "ЗиЛ-150" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, онро чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофири боркаш ба ҳалокат расидааст.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: садамаҳои нақлиётӣ мунҷар ба марги 3 нафар гардиданд

Тавре дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи гузашта дар қаламрави рустоҳои Озодӣ ва Меҳтарии ноҳияи Данғара рух додааст.

"Аснои ҳаракат аз тарафи деҳаи Озодӣ ба рустои Меҳтарӣ сарнишини "Зил-150" идораи нақлиётро аз даст дода, онро чаппа намудааст. Бар асари садама мусофири 25-солаи дохили нақлиёт ба ҳалокат расидааст",- менависад сарчашма.

Ба ҳамин монанд, ронандаи автомашинаи тамғаи  "Опел-Астра", марди 53-солаи сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Бохтар ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намудааст.

Дар натиҷаи ин, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Шахсияти пиёдагард аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ  муайян карда мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0