Мақоми 45-уми Тоҷикистон дар Шохиси меъмории энержӣ

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЯке аз зеристгоҳҳои тавлиди барқ. Акс аз бойгонӣ
Яке аз зеристгоҳҳои тавлиди барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар Индекси меъмории энергетикӣ ҷои 45-умро ишғол кард, ки ин нишондод нисбат ба Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар аст.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тоҷикистон пешравии назаррасро дар Индекси меъмории энергетикӣ  (The Global Energy Architecture Performance Index Report 2016 — EAPI), ки аз ҷониби  Форуми Иқтисодии Ҷаҳонӣ нашр шудаааст, нишон дод.

“Бистгонаи бузург”: шохисҳои иқтисодӣ

Дар муддати як сол Тоҷикистон 21 зина боло рафта, аз байни 126 мамлакат дар ҷои 45-ум қарор гирифт. Индекси EAPI Тоҷикистон 0,65 баллро ташкил дод. Булғористон, Гурҷистон ва Салвадор низ чунин нишондод ба даст овардаанд.

Дар бахши устувории иқтисодӣ Тоҷикистон — 0,46 баллро соҳиб шуд. Дар бахши устувории муҳити зист ҷумҳурӣ 0,82 аз миқдори умумии 0,90 имтиёз гирифт. Дар бахши дастрасӣ ба нерӯи барқ ва амният дар кишвар сазовори 0,67 балл гардид.

Ҷои аввалро Шветсария соҳиб шуд. Мақоми дуюм ва сеюм насиби Норвегия ва Шветсия гардиданд. Русия дар ҷои 52 қарор гирифта, ИМА дар мақоми  48-ум меистад.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ҷои дуюмро ишғол намуд. Озарбойҷон ҷои 32-юм, Арманистон мақоми  56-ум, Қазоқистон ҷои 57-ум ва Ӯзбакистон бошад, мақоми 84-умро ишғол кард.

Ҷои 96-ум насиби Қирғизистон ва мақоми108-ум насиби Туркманистон шуд.

Лентаи хабарҳо
0