ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Палатаи болоии парлумон Тоҷикистон тағйиру иловаҳоро дар қонуне, ки гузоштани номҳои таҳқиромезро барои кӯдакони навзод манъ мекунад, қабул кард. Исмҳое амсоли Ҷорӯб ва Сабзӣ аз ин баъд ғайриқонунӣ маҳсуб мешаванд.
Тағйиру иловаҳо ба қонуни "Бақайдгирии давлатии санадҳои ҳолатҳои шаҳрвандӣ" барои раванди интихоби исми атфол аз ҷониби волидайнашон дар кишвар нигаронида шудааст.
Мувофиқи иловаҳо гузоштани номҳои Санг, Зоғ, Гург,Ҷорӯб, Сабзӣ манъ карда шуданд. Барои намояндагони аққалияти ҶТ иҷоза дода мешавад, то номи кӯдаконашонро мувофиқи анъанаҳои фарҳангӣ гузоранд.
Намояндагони палатаи болоӣ тағйиру иловаҳоро ба қонуни дар боло зикршуда дастгирӣ намуданд. Инчунин дар кишвар никоҳи хешутаборӣ (издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон) манъ карда шудааст.
Мувофиқи тасдиқи ин тағйирот аз 1 июли соли 2016 издивоҷ танҳо баъди муоинаи тиббии навхонадорон сурат мегирад. Мақомоти асноди сабти ҳолати шаҳрвандӣ бидуни муоина ҳуқуқи ба қайд гирифтанро надоранд.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ бояд баъди баргаштан ба ватан аз муоинаи тиббӣ барои ҳузури бемориҳои сироятӣ гузаранд.
Инчунин намояндагони парлумон тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд"-ро дастгирӣ карданд, ки мувофиқи иловаҳо дастраскунандаҳои интернет вазифадоранд, ки бо дархости волидайн ба онҳо маълумот дар бораи ҳузури фарзандонашон дар саҳифаҳои интернетиро пешниҳод намоянд.
Дар баробари ин парлумон қонун дар бораи номгузории деҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҷамоати Сучон ба хотири президенти Тоҷикистон-Раҳмонободро қабул кард.