ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати адлия қасд дорад "исмҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номҳои ҳайвонот ва паррандаҳо ва ҳамчунин номҳое, ки мардумро ба қавмҳо ҷудо мекунад" мамнуъ созад, менависад Радиои Озодӣ.
Чунин пешниҳод дар тарҳи қонуни ворид кардани ислоҳот ба қонуни "Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ" пешбинӣ шудааст.
"Агар ин тарҳи ислоҳот ба қонун қабул шавад, дар САҲШ исмҳои арабӣ ва бегонаи кӯдаконро сабт намекунанд. Агар касе фарзандашро бо номи номувофиқ исмгузорӣ кунад, САҲШ ба вай номи тоҷикиро пешниҳод мекунанд. Ин тарҳ ҳадаф дорад аз номгузории инсон бо исмҳои паррандаҳо ва даррандаҳо ҷилавгирӣ кунад", — гуфт муъовини раҳбари Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вазорати адлия Ҷалолиддин Раҳимов.
Ҳамчунин изофа ба исмҳо, назири "хӯҷа", "валӣ", "амир" ва ғайра, ки ҷудоиандоз дониста мешаванд, мамнуъ хоҳанд шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон чунин пешниҳоди вазорати адлияро нақзи ҳуқуқи инсон арзёбӣ мекунанд, зеро ҳар як шахс худ тасмим мегирад, ки ба фарзандаш чӣ номе гузорад.
Бояд зикр кард, ки миёни тоҷикон исмҳое низ ҳастанд, ки аз номи мухтасари ҷаҳор доҳии пролетарҳои ҷаҳон таҳия шудаанд — Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин.