ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ду шабакаи телевизионии нав "ТВ Варзиш" ва "ТВ Синамо", инчунин Академияи васоити ахбори умум оғоз бахшид, омадааст дар хабари сомонаи расмии сарвари давлат.
Шабакаҳои телевизионии "Варзиш" ва "Синамо" ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта буданд ва қарор буд, ки шабакаҳои телевизионии мазкур дар рӯзҳои аввали соли 2016 ба фаъолият шурӯъ кунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, барои бунёди ин ду шабакаи телевизионӣ ва ҳамчунин Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 4 миллиону 221 ҳазор сомонӣ масраф шудааст ва барномаҳои ин ду шабакаи навтаъсис дар чанд кишвари дигари дунё низ тавассути моҳвора қобили тамошо мебошанд ва 60 дарсади мардуми Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ барномаҳои онҳоро дида метавонанд.
Айни замон дар телевизиони "Варзиш" 113 нафар, дар телевизиони "Синамо" 75 кас фаъолият мекунанд, ки музди маоши кормандон то 2000 сомонӣ муқаррар шудааст. Куллияи мутахассисону кормандони ин ду шабака дар асоси озмун аз шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ба кор қабул шудаанд
Ҳукумати Тоҷиистон барои фаъолияти телевизиони "Синамо" ва Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таҷҳизоти техникӣ ва маводҳои ороишӣ ба маблағи 1 миллиону 375 ҳазору 960 сомонӣ харидорӣ кардааст ва маблағи харҷи таҷҳизоти техникии телевизиони "Варзиш" 1 миллиону 237 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ба қавли дафтари матбуотии президент, бинои муассисаҳои нав дар иборат аз сеошёна мебошанд. Дар ошёнаи якум барои Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон", дар ошёнаи дуюм Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" ва дар ошёнаи сеюм Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" ҷой гирифтаанд.
Бинои мазкур бо маблағи умумӣ 4 миллиону 221 ҳазору 661 сомонӣ бунёд ва тармим шудааст.
То ба имрӯз дар Тоҷикистон 4 шабакаи давлатии саросарии телевизионӣ: "Шабакаи аввал", "Сафина", "Баҳористон" ва "Ҷаҳоннамо" фаъолият доштанд. Ҳамакнун бо оғози кори ТВ "Синамо" ва "Варзиш" теъдоди онҳо ба 6-то расид.