Россотрудничество дар омӯзиши улуми дақиқ ба донишҷӯён кӯмак мекунад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкРаҳбари "Россотрудничество" Любов Глебова. Акс аз бойгонӣ
Раҳбари Россотрудничество Любов Глебова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Россотрудничество” як оҷонсии давлатии Русия аст, ки ҳадафаш барқарории иртибот бо кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳифзу рушди забони русӣ унвон мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 — Sputnik. Муовини Сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари созмони "Россотрудничество"-и Федератсияи Русия Любов Глебова мулоқот кард, менависад АМИТ Ховар.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии федеролии Федератсияи Русия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" баррасӣ шудаанд.

Ҷабборӣ бо Глебова доир ба омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, интишори адабиётҳои таълимӣ бо ин забон, ҷудо намудани квотаҳо дар муассисаҳои таълимии Русия барои таҳсили магистратура ва аспирантураи фанҳои дақиқ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони рўсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурро баррасӣ кардааст.

"Россотрудничество" оҷонсии давлатии Русия аст, ки ҳадафаш иртибот бо давлатҳои мустақили пасошӯравӣ, ҳамватанони берун аз он кишвар ва ҳифзу рушди забони русӣ унвон мешавад. Ин оҷонсӣ дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ намояндагӣ дорад ва ба таври мудовим давраҳои омӯзиши забони русӣ, барномаҳои фарҳангӣ барпо мекунад ва китобҳои омӯзишиву таълимии забони русиро интишору паҳн месозад.

Лентаи хабарҳо
0