Нашъаҷаллобони "ҷаҳонӣ" дар 15 сол беш аз $4 триллион ҷамъ кардаанд

© AFP 2023 / Ronaldo SchemidtДеньги, изъятые у наркокартеля. Архивное фото
Деньги, изъятые у наркокартеля. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурӯъ аз соли 2000 ба хазинаи шабакаҳои ҷиноии байналмилмилалӣ беш аз 4 триллион доллар аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир ворид шудааст, хабар дод рӯзи панҷшанбе роҳбари Хадамоти федеролии мубориза ба маводи мухаддири Русия Виктор Иванов.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ин маблағ ба буҷаи солонаи ИМА дар соли 2016 (4 триллион доллар) баробар буда, аз даромади буҷавии  кишварҳои рушдкардаи Аврупо чанд маротиба бештар аст.

Афсар дар раъси гурӯҳи қочоқчиён

"50% дарсади ҷинояти ҷаҳониро  гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддири навъи ҳашиш ва кокаин дар Афғонистон ва Америкаи Лотинӣ ташкил медиҳад ва нархи умумиаш дар муддати 16 сол ба 4 триллион доллар мерасад",-изҳор дошт, Иванов ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Маскав.

Ба гуфти ӯ хусусияти асосии гардиши умумиҷаҳонии нашъа ду "нуқтаи ҷуғрофӣ", ду маркази парваришу коркард- ҳашиш дар Афғонистон ва кокаин дар Америкаи Лотинӣ дорад.

Чуноне роҳбари  Хадамоти федеролӣ мегӯяд, ин марказҳо дар ҳақиқат ҳам характери саноатӣ касб намуда  "истеҳсолкунандаи чандсолаи  таҳдидҳо" ба шумор мераванд.

Sputnik Тоҷикистон мушаххас кард, ки 4 триллион доллар ин тақрибан 18 буҷаи солонаи Русия (215 млрд. дар соли 2016), ё буҷаи яксолаи ИМА, ки соли 2016 ба 3,5 триллион доллар расид, баробар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0