ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон фаъолияти ҶДММ ТҚХ "Меҳробод" қатъ карда шуд, омадааст дар хабари сайти бонки миллӣ.
"Асос барои қатъи фаъолияти ин ташкилот иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд"оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ мебошад",- тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ҳамин тавр, БМТ иҷозатномаи ин ташкилоти қарзии хурдро барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд кардааст.
Масъулини ин ташкилот уҳдадодр шудаанд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.
Зимнан, комиссия вазифадор карда шудааст, ки ба БМТ ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
ТҚХ "Меҳробод" ташкилоти дуюмест, ки аз оғози сол аз низоми бонкии Тоҷикистон хориҷ мешавад. Чанде қабл фаъолияти ҶДММ ТҚХ «Ҳамдастӣ» қатъ гардида буд.
Охири соли гузашта бошад, 15 ташкилоти қарзӣ фаъолияти худро дар қаламрави кишвар қатъ карда буданд.
Тибқи иттилоъи БМТ, дар ҳоли ҳозир ба ғайр аз "Меҳробод" дар Тоҷикистон 37 ташкилоти хурди қарздиҳӣ фаъолият доранд.