Норизоии раҳбарияти БМТ аз фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ

© Sputnik / Амир ИсаевСаррофӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Саррофӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси БМТ ибрози таассуф кардааст, ки роҳбарони баъзе ташкилотҳои қарзӣ талаботҳои дастурҳои Бонки миллиро сарфи назар карда, бе риояи талаботи давраи гузариш фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори худро қатъ гардониданд.

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода аз фаъолияти баъзе аз ташкилотҳои қарзӣ дар бозори арзи кишвар ибрози норизоӣ намуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуотии БМТ.

Бонки милии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: бонк саррофҳоро ҷарима намекунад

"Таҳлилҳои рӯзҳои охири фаъолияти бозори дохилии асъор ва хизматрасонии амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ, арзу шикоят ва муроҷиатҳои сершумори аҳолӣ нисбати кори ғайриқаноатбахши як қатор муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар робита ба мушкилот дар пешниҳоди қарз, фоизҳои баланд ва тамдиди муҳлати он, пардохти фоизи қарзҳои бо асъори хориҷӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатиро ба ташвиш овардааст",  - менависад манбаъ.

Раиси БМТ ибрози таассуф кардааст, ки роҳбарони баъзе ташкилотҳои қарзӣ талаботҳои дастурҳои Бонки миллиро сарфи назар карда, бе риояи талаботи давраи гузариш фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори худро қатъ гардониданд.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими қабл аз муҳлат ва саросемавор қабулшуда ба ҷоннок шудани фаъолияти ҳаннотон ва бозори ғайрирасмии мубодилаи асъор мусоидат намудааст.

Доллар - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: пулҳои худро танҳо дар "нуқтаҳои расмӣ" иваз кунед

"Ташвишовар он аст, гуфт дар идомаи вохӯрӣ Ҷ. Нурмаҳмадзода, баъди қатъ намудани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкилотҳои қарзӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои мубодилаи асъор тавассути хазинаҳои муассисаҳои худ ягон кори назаррасеро анҷом надодаанд", — афзудааст ӯ.

Нурмуҳаммадзода таъкид кардааст, ки чунин муносибати баъзе ташкилотҳои қарзӣ боиси ноором шудани бозори дохилии асъор ва норозигии шаҳрвандон гардид. "Бинобар сабаби дар лаҳзаҳои зарурӣ дастрас карда натавонистани асъори хориҷӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, муштариён маҷбур мешаванд, ки барои қонеъ кардани талаботи худ ба бозори ғайрирасмӣ муроҷиат намоянд", — изҳордоштааст раиси БМТ.

Лентаи хабарҳо
0