ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Фавқуллода ва Мухтори Туркманистон Ишанқулӣ Амонлиевро бо сабаби анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилоъи дафтари матбуотии ВКХ, мулоқоти дипломати туркманӣ бо оқои Аслов дар бинои вазорат рӯзи гузашта сурат гирифтааст.
Зимни суҳбати хайрбодӣ, ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро баланд арзёбӣ карда, изҳори умед намудаанд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанба дар арсаҳои мухталиф густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафир И. Аманлиев барои фаъолияти пурсамари дипломатияш дар Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Чанде қабл, раисҷумҳури Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Сафири кишвараш дар Душанбе- Ишанқулӣ Аманлиевро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа барканор кард.
Бо фармони дигари президенти Туркманистон оқои Аманлиев сафири Туркманистон дар Туркия таъин шудааст.