ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Баъд аз зуҳри имрӯз дар "Қасри миллат"-и Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шариф мулоқот кард.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории сиёсию низомии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
"Мо аз сатҳи таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ, ки бар ҳамдигарфаҳмию эҳтироми манофеи ҳарду ҷониб асос ёфтаанд, қаноатманд мебошем"- таъкид дошт Раҳмон.
Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба вазъу дурнамои равобити сиёсӣ ва низомии ду кишвар табодули андеша карда, ҳамкории артишҳои миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистонро барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир муҳим маънидод намуданд.
Ба иттилоъи манбаъ, баргузории мунтазами музокироти сатҳи олӣ омили муассири тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, энергетика, пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохторӣ барои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва таъмини амнияту субот муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар нишаст инчунин роҷеъ ба дигар мавзӯъҳои робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, ки ба нафъи халқҳову давлатҳо равона гардидааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.