Табодули амвол миёни Тоҷикистону Покистон ба $89 млн. расидааст

© Страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон дар Покистон. 12 ноябри соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон. 12 ноябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таъкид гардид, ки дар давоми 23 соли муносиботи дипломатӣ то ба ҳол беш аз 40 санади дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидаанд, гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 18 миллиони доллар дар соли 1998 то 89 миллион доллар дар соли 2014 афзудааст.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз ёфта, бо  музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.

"Ташрифи Шумо боиси хушҳолӣ ва сарфарозии мост. Шумо Покистонро метавонед хонаи дуюми худ шуморед ҳамон гуна, ки мо Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонем. Боздиди Шумо имкони дигаре барои таҳким ва густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст",- иброз дошт нахуствазири Покистон.

Мулоқоти раисҷумҳури ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф. 11 ноябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Покистону Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ мекунанд

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Покистон яке аз самтҳои асосии муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои кишвари мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ мегардад.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, дифоъ, амният, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки дар давоми 23 соли муносиботи дипломатӣ то ба ҳол беш аз 40 санади дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидаанд, гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 18 миллиони доллар дар соли 1998 то 89 миллион доллар дар соли 2014 афзудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон маҳсуб мешавад.

Манбаъ меафзояд, Навоз Шариф аснои мулоқот бинобар норасоии зиёди неруи барқ дар Покистон ба тезондани корҳо барои кашидани хатти барқии CASA-1000 мароқи зиёд зоҳир намуд.

Тибқи тасмими ду ҷониб ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейтаи Покистон бояд хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ  кушода шаванд.

Ворисов: дӯстии Душанбею Исломобод ба Афғонистон сулҳи воқеъӣ меорад

Ба гуфти Навоз Шариф "Покистон омода аст, ки дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад".

Сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, иштироки ҷониби Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ, маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва барқарорсозии парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номида шуд.

Ҳар ду ҷониб терроризм ва ифротгароиро хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳамдигар номида, омодагӣ ва ҳавасмандии ҷиддии худро ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳа таъйид доштанд. Дар ин робита қайд гардид, ки Тоҷикистону Покистон ба таҳкими амну субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нав ба имзо расид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистонро тақвият мебахшанд.

 

Лентаи хабарҳо
0