ТВ “Шабакаи якум” ба “Тоҷикистон” табдили ном мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевТелевизиони Тоҷикистон дар интернет. Акс аз бойгонӣ
Телевизиони Тоҷикистон дар интернет. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур пешниҳод кард, ки номи телевизиони “Шабакаи якум” ба шабакаи “Тоҷикистон” иваз карда шавад.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи ду шабакаи телевизиони нав гуфт, ҳоло фурсати табдили номи телевизиони "Шабакаи аввал" ба "Тоҷикистон" фаро расидааст.

"Бо номи "Тоҷикистон" ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи марказӣ ин ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, эҳтиром ба номи кишвар ва яке аз роҳҳои муаррифии шоистаи ватани маҳбубамон ҳамчун рамзи ҳастии миллат мебошад",- иброз дошт раисҷумҳур.

Раҳмон ТВ “Варзиш” ва “Синамо”-ро ба кор даровард

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон соли 1959 ба фаъолият оғоз карда, то соли 2005 шабакаи ягонаи сартосарӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт ва бо номи "Телевизиони Тоҷикистон" фаъолият мекард. Моҳи июни соли 2006 бо гузаштан ба таҷҳизоти наву фанноварии ҷадид исми он ба "Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон" табдил дода шуд.

Маҳз аз соли 2006 пахши шабонарӯзии барномаҳои телевизион дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар "Шабакаи якум"-и телевизиони Тоҷикистон 16 идораю шуъба фаъолият дошта, ҳайати эҷодии он беш аз 250 нафарро ташкил медиҳад. Ба қавли масъулин барномаҳои ин шабакаро ҳудуди 99,72 сокинони кишвар тамошо карда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0