Дар Тоҷикистон телевизиони “Варзиш” таъсис дода шуд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони Варзиш аз моҳи ноябр ба кор мепардозад.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукумати кишварро дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" ба имзо расондааст, менависад сомонаи президент.

Телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои бадеӣ муҳтавои барномаҳои ТВ-ро назорат мекунад

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ин қарор дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 23 сентябр имзо шуда, инчунин аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди кишвар тасдиқ гардидааст.

"Президент дар ҷаласаи ахири ҳукумат хостори беҳтар кардани муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар шуда, барои ҷолиб кардани шабакаи нав ба раҳбарияти Кумитаи телевизион супоришҳои мушаххас додааст", — меафзояд манбаъ.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар сатҳи миллию байналмилалӣ рӯзафзунанд ва ТВ Варзиш бояд дар сатҳи лозимӣ фаъолияташро барои инъикоси ин соҳа ба роҳ монад.

Интизор меравад, ки шабакаи нав дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон фаъол шавад.

ТВ Варзиш дар баробари Шабакаи аввал, "Сафина", "Ҷаҳоннамо" ва "Баҳористон" 5-умин шабакаи миллӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0