Қирғизистон ҳам додани қарз бо $-ро манъ кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкҚарз бо доллар. Акс аз бойгонӣ
Қарз бо доллар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин тасмим барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ- соми қирғизӣ роҳандозӣ шудааст, аммо чӣ пайомадеро ба дунбол хоҳад дошт, вақт нишон медиҳад.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз додани қарзҳои ипотекӣ ва истеъмолӣ дар қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон қатъиян манъ мебошад, менависанд расонаҳои Бишкек бо истинод ба Бонки милии он кишвар.

Шаҳрдори Бишкек: таваллуди шаҳрванди 6 миллионум нишоне аз рушди мост

Зимнан, қарори БМҚ дар бораи манъи пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ва истеъмолӣ бо доллари ИМА мавриди амал қарор гирифт.

Ин қарор аввали моҳи феврал қабул шуда, ба ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад. Бар пояи ин тасмим, муассисаҳои молии мазкур ба додани қарзҳои ипотекӣ ва истеъмолӣ бо доллари ИМА дигар ҳуқуқ надоранд.

Чанде қабл, раисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба Бонки миллӣ ва ҳукумати кишвараш дастур дода буд, ки ҷиҳати ҳимояи аҳолӣ аз босуръат ва тез-тез тағйирёбии қурби асъори миллӣ чораҷӯӣ кунанд. Вобаста ба ин дастур Бонки миллӣ ва ҳукумат ба гузаронидани қисмате аз қарзҳои ипотекӣ бо доллар ба сом тибқи қурби қаблӣ шурӯъ кардааст.

Маврид ба қайд аст, ки аз ин барномаи ҳукумат 2,8 ҳазор нафаре, ки қарз гирифтаанду дар робита ба поёнравии қурби асъори миллӣ ба мушкилот дучор шуданд, истифода карда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0