ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба як гуруҳ кормандони Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ сохтани шабакаи мухобиравӣ ва истифодаи дастгоҳи мухобиравиро омӯзондааст.
Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, ин аввалин давраи омӯзишӣ аз силсилаи барномаҳои омӯзишии марбут барои мақомоти гуногуни амнияти Тоҷикистон буда, ба он 13 корманди Сарраёсати қушуҳои сарҳадӣ ҷалб шудаанд.
Омӯзиши кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маблағгузорӣ мешавад.
Манбаъ мегӯяд, давраи омӯзишии мазкур қобилияти мақомоти қудратии тоҷикро ҷиҳати қабулу фиристодани ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравӣ сифатан баланд бардошт. Инчунин иштирокчиён тарзи дурусти истифодаи сохти гуногуни антеннаро ҷиҳати таъмини қабули мукаммали ахборот омӯхтанд.
Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бехатарии Тоҷикистон ҷудо намудааст.
Сафорати ИМА густариши ҳамкориро миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор барои ноил шудан ба ҳадафҳои амниятии муштарак ҷонибдорӣ менамояд.