ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Сулаймонзода Акрам Раҳимро аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Бо амри дигари сарвари давлат, Акрам Сулаймонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин гардидаанд.
Зимнан, бо қарори ҳукумати кишвар, раиси пешини ноҳияи Спитамен — Хоҷазода Ориф Ашурӣ дар мувофиқа бо президент муовини раиси вилоят таъин шудааст.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ректор таъин гардид.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар асоси қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" таъсис ёфта, Қурбон Убайдулло Абдулло ректори он таъин карда шуд.